8 Ноябр 2024 - 19:10
Тавофуқномаи ҳамкории Тоҷикистону Британия

Тоҷикистону Британия тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сароб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Пахтаи беҳтарин» (Better Cotton)-и Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ба гузориши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи ҳамкорӣ 7 ноябр зимни вохӯрии намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори барномаи «Пахтаи беҳтарин»-и (Better Cotton) Британияи Кабир ба имзо расид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи парвариши пахта бо ширкати «Пахтаи беҳтарин» (BCI) мубодилаи афкор намуданд.

342/